МУАССИСА ҶАВОБГӮИ СТАНДАРТИ ҶАҲОНИСТ
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ — тавонбахшии Чорбоғ» Мавлудахон Шамсулоева, бо дастгирии Сарвари давлат аз 1-уми июн қисмати дуюми маркази мазкур ба таври расмӣ ба кор оғоз кард, ки он ба ҳамаи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Бинои нав аз ҳуҷраҳои зиёди профилактикӣ, аз қабили физиотрапевтиву сенсоргенӣ, ҳуҷрахои алоҳидаи табобатӣ бо обу гилу рег, ҳуҷраҳои обутоби ҷисмонӣ, тренажёрҳо, ҳучрахои маҳс, рақсу мусикӣ, санъати тасвирию ашёсозӣ, ҳунарҳои халқӣ ва гӯшаи табиати зинда кушода шуданд. Ҳамчунин ба ихтиёри кӯдакону наврасон ҳуҷраҳои алоҳидаи дамгирӣ, ки аз рӯи анъанаҳои миллӣ сохта шудаанд, вогузор гардиданд. Ҳамаи ҳуҷраҳои хизматрасонӣ бо телевизор ва дигар ашёву анҷоми таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






