МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО КАДРҲО

Июнь 22, 2010 13:27

 Субҳи имрўз 22 июни соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кормандони прокуратура ва милисаро, ки ба вазифаҳои сатҳи баланд дар ин сохторҳо пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзўр намудани назорати прокурорӣ, хусусан дар тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва муборизаи беамон бар зидди ришваситонию коррупсия ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки вазифаҳои худро бо дасти пок ва дилу нияти нек иҷро намоянд ва манфиати давлату миллатро аз  манфиатҳои шахсию гурўҳӣ ва ҳама манофеи дигар боло гузоранд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки  кори нек ва ба манфиати халқу Ватан равонагаштаи кадрҳо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва сохторҳои дахлдори давлатӣ қадр карда мешавад ва баръакс ҳар касе, ки ба ҷинояту қонуншиканӣ роҳ медиҳад, дар чашми аҳли ҷомеа хору залил мегардад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задании кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳбарони ин сохторҳо низ ҷавобгар мешаванд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.       

Июнь 22, 2010 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст