МУТАХАССИСОНИ «АМОНАТБОНК» БОНКДОРИИ ИСЛОМИРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки рушди Исломӣ (БРИ) тавассути БДА «Амонатбонк» дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани сатҳи камбизоатӣ якчанд лоиҳаҳои инвестсионӣ ва қарзиро амалӣ мекунад. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти кормандони бонк дар самтҳои марбута, бо кўмак ва дастгирии БРИ дар Асотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон барои мутахассисони Амонатбонк аз 15 то 19 Семинари марҳилаи аввали омўзишӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур 18 нафар мутахассисони бонк ба назарияи шакли фаъолияти бонкдории исломӣ шинос гаштанд. Дар анҷоми семинари мазкур аз ҷониби ташкилкунандагон баъди супоридани тестҳои санҷишӣ ба ширкаткунандагон сертификатҳо супорида шуд. Дар назар аст, ки тӯли соли ҷорӣ чунин семинарҳои омузишӣ барои кормандони «Амонатбонк» гузаронида шуда, ба самарабахш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти онҳо мусоидат кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






