НАҚШАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ОБИ ТОЗА ИҶРО НАШУД

Июнь 15, 2010 08:43

Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо вобаста ба таъмини аҳолӣ бо оби софи ошомиданӣ,  дар давоми 5 соли охир наздик ба 1, 2 млн. нафар аҳолии ҷумҳурӣ  бо оби тоза таъмин карда шуд ва беш аз 600 ҳазор нафар имконияти бештаре барои дастрасӣ ба оби тозаро пайдо намуданд,- иброз доштанд дар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо об ва ноил шудан ба «Ҳадафҳои  Рушди Ҳазорсола», «Барномаи беҳтар намуданитаъминоти аҳолии мамлакат бо оби тоза дар давраи солҳои 2008 – 2020» – ро  қабул намуд. Мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи кӯшишҳо, дар натиҷаи фалокатҳои ҳарсолаи табиӣ нақшаи таъмини аҳолӣ бо оби  тоза иҷро нашуда  монда,  садҳо иншооти инфраструктурӣ  хароб гардида,  ба буҷаи ҷумҳурӣ таъсири манфӣ  расонада мешавад.  

Июнь 15, 2010 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад