НАМОИШГОҲ ДАР ДОИРАИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Июнь 8, 2010 12:21

Душанбе,  8 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —   Субҳи  имрӯз   дар  Кохи  Борбад дар  доираи  Конфронси   байналмилалии  намояндагони  воломақоми  мамлакатҳо ва  созмонҳои байналхалқию  минтақавӣ  бахшида ба  ҷамъбасти  даври  аввали  Даҳсолаи  байналмилалии амалиёти «Об барои зиндагӣ»  намоиши  барномаҳои   марбут ба  идора  ва  истифодаи  захираҳои об  кушода шуд.  Ташкилкунандаи  намоишгоҳ  намояндагии  Агентии  ҳамкории байналмилалии  Швейтсария  дар  Тоҷикистон  мебошад. Намоишгоҳ  ҳамаи   масъалаҳои  марбут ба  об,  аз ҷумла  об барои  истеъмол,  об  барои  таъмини  саломатӣ,  об барои  истихроҷи  қувваи барқ,  об барои  кишти  зироат,  об  барои   муҳити  зист,   кам  кардани   хавфи  фалокатҳои табиии  вобаста ба об,  омӯзиш,  муҳофизат  ва  истифодаи  оқилонаи  захираҳои об, таъсири   тағйир  ёфтани  иқлим,   истифодаи   технологияҳои нави   сарфакунандаи  об   ва  ғайраро   дар  бар  мегирад. Хабар  дода  мешавад, ки   Швейтсария  низ   аз ҷумлаи  мамлакатҳои  дорои  захираҳои  фаровони  об   мебошад ва  дар  ин  соҳа  таҷрибаи  калон  андӯхтааст.  Намоишгоҳ  дар  бораи  барномаҳои   соҳаи об  нақл  мекунад,  ки дар  Швейтсария  амалӣ  карда  шудаанд. Барномаҳои  дигари  намоишгоҳ  ба   проблемаҳои  баҳри  Арал,  беҳтар  сохтани  вазъияти  шабакаҳои  обрасонӣ  дар  водии  Фарғона,  ташкили  маркази  маълумот  дар  бораи   захираҳои оби  Осиёи  Марказӣ, таъминоти  шаҳрҳои  калон  бо  оби тоза,  беҳтар  сохтани  вазъияти  обёрии  киштзор  ва  ғайра  бахшида шудаанд. Тавре  ки  маълум  аст,  Швейтсария барномаи  ҳукумати  Тоҷикистонро  дар  бораи  истифодаи   захираи  оби  мамлакат  барои бо  қувваи барқ таъмин  намудани аҳолӣ  ҳамаҷониба дастгирӣ  менамояд. Намоишгоҳи  мазкур   имкон  медиҳад, ки  таҷрибаи  Швейтсария  дар  бобати  амалӣ  сохтани барномаҳои  марбут ба  истифодаи  самараноки об  дастраси  мамлакатҳои  дигар   гардонида  шаванд.

Июнь 8, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад