НАМОИШГОҲ ДАР ДОИРАИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Субҳи имрӯз дар Кохи Борбад дар доираи Конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқию минтақавӣ бахшида ба ҷамъбасти даври аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои зиндагӣ» намоиши барномаҳои марбут ба идора ва истифодаи захираҳои об кушода шуд. Ташкилкунандаи намоишгоҳ намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Швейтсария дар Тоҷикистон мебошад. Намоишгоҳ ҳамаи масъалаҳои марбут ба об, аз ҷумла об барои истеъмол, об барои таъмини саломатӣ, об барои истихроҷи қувваи барқ, об барои кишти зироат, об барои муҳити зист, кам кардани хавфи фалокатҳои табиии вобаста ба об, омӯзиш, муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъсири тағйир ёфтани иқлим, истифодаи технологияҳои нави сарфакунандаи об ва ғайраро дар бар мегирад. Хабар дода мешавад, ки Швейтсария низ аз ҷумлаи мамлакатҳои дорои захираҳои фаровони об мебошад ва дар ин соҳа таҷрибаи калон андӯхтааст. Намоишгоҳ дар бораи барномаҳои соҳаи об нақл мекунад, ки дар Швейтсария амалӣ карда шудаанд. Барномаҳои дигари намоишгоҳ ба проблемаҳои баҳри Арал, беҳтар сохтани вазъияти шабакаҳои обрасонӣ дар водии Фарғона, ташкили маркази маълумот дар бораи захираҳои оби Осиёи Марказӣ, таъминоти шаҳрҳои калон бо оби тоза, беҳтар сохтани вазъияти обёрии киштзор ва ғайра бахшида шудаанд. Тавре ки маълум аст, Швейтсария барномаи ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи истифодаи захираи оби мамлакат барои бо қувваи барқ таъмин намудани аҳолӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Намоишгоҳи мазкур имкон медиҳад, ки таҷрибаи Швейтсария дар бобати амалӣ сохтани барномаҳои марбут ба истифодаи самараноки об дастраси мамлакатҳои дигар гардонида шаванд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






