НАМОИШГОҲИ “ОБ БАРОИ ҲАЁТ”
Душанбе, 8 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- 8 июн дар доираи баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” 2005-20015 дар муҷтамеи давлатии “Кохи Борбад”-и пойтахт намоишгоҳи “Об барои ҳаёт” баргузор шуд, ки аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайатҳои баландпоя ва иштирокдорони конфронси байналмилалӣ дидан намуданд. Дар намоишгоҳ дастовардҳо ва донишҳои муосири инсоният дар масъалаи истифодаи самараноки об,таъмини аҳолии саёра бо оби тоза, ки ба амалӣ гардидани Рушди ҳадафҳои ҳазорсола мусоидат менамояд, ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Инчунин, дар чаҳорчӯбаи конфронси байналмилалӣ Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” 7 июн дар “Кохи Борбад”-и пойтахт намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






