НАТИҶАҲОИ НАСЛГИРӢ

Июнь 8, 2010 16:10

           Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Мувофиқи  маълумотҳои фаврии Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, саршумори  меш ва модабуз дар ҷумҳурӣ барои соли равон 307 ҳазору 797 сар ба ҳисоб  гирифта шудааст.                 Бояд қайд  кард, ки нақшаи наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои  давлатӣ, ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 262 ҳазору 632 сар буда, то аввали моҳи июни соли ҷорӣ 266 ҳазору 609 сар иҷро шудааст, ки нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 2 ҳазору 413 сар зиёд мебошад.              Тибқи нақша дар ҷумҳурӣ аз 100 сар меш ва модабуз бояд 85 сар насл гирифта шавад, ки то имрӯз 87 сар иҷро шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6  сар зиёд мебошад.             Натиҷаҳои наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои давлатӣ, ҷамоавӣ ва деҳқонии ВМКБ низ то имрӯз 5 ҳазору 110 сар, вилояти Хатлон 151 ҳазору 324 сар ва вилояти Суғд 68 ҳазору 551 сар иҷро шудааст. Нақшаи наслгирӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад 41 ҳазору 532 сар буда, то имрӯз 41 ҳазору 624 сар иҷро гардидааст. Наслгирии чорво дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ идома дорад.  

Июнь 8, 2010 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд