НАТИҶАҲОИ НАСЛГИРӢ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, саршумори меш ва модабуз дар ҷумҳурӣ барои соли равон 307 ҳазору 797 сар ба ҳисоб гирифта шудааст. Бояд қайд кард, ки нақшаи наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои давлатӣ, ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 262 ҳазору 632 сар буда, то аввали моҳи июни соли ҷорӣ 266 ҳазору 609 сар иҷро шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 413 сар зиёд мебошад. Тибқи нақша дар ҷумҳурӣ аз 100 сар меш ва модабуз бояд 85 сар насл гирифта шавад, ки то имрӯз 87 сар иҷро шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6 сар зиёд мебошад. Натиҷаҳои наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои давлатӣ, ҷамоавӣ ва деҳқонии ВМКБ низ то имрӯз 5 ҳазору 110 сар, вилояти Хатлон 151 ҳазору 324 сар ва вилояти Суғд 68 ҳазору 551 сар иҷро шудааст. Нақшаи наслгирӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад 41 ҳазору 532 сар буда, то имрӯз 41 ҳазору 624 сар иҷро гардидааст. Наслгирии чорво дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ идома дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






