ОҒОЗИ МУСОБИҚОТИ ҚАҲРАМОНИИ ФУТБОЛИ ҶАҲОН

Июнь 11, 2010 12:32

Душанбе,  11 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Имрӯз  дар Ҷумҳурии  Африқои  Ҷанубӣ  мусобиқоти  19 – уми  қаҳрамонии  футболи  ҷаҳон  кушода  мешавад.  Мусобиқоти  мазкур  бори аввал  дар ин давлати  Африқо  баргузор  мегардад.  Ҷумҳурии  Африқои  Ҷанубӣ  ҳуқуқи  гузаронидани  мусобиқоти  қаҳрамонии  футболи  ҷаҳонро  соли  2004 ба  даст  оварда буд.  Ин  мамлакат  барои ташкили  мусобиқот қариб 4,5  миллиард  доллари  ИМА  сарф  намуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  то  имрӯз  барои тамошои  қувваозмоиҳо  3  миллион  чипта  фурӯхта  шуд.  Интизор  меравад, ки  ҷараёни  мусобиқотро  300  ҳазор   сайёҳи  хориҷӣ  ва  роҳбарони  24  давлати  ҷаҳон  тамошо  мекунанд. Қувваозмоиҳо  дар  10  варзишгоҳ  баргузор  мегарданд. Аз  ин  ҷумла  5  варзишгоҳ  махсус барои   мусобиқоти  мазкур  сохта  шуданд. Дар  мусобиқот  дастаҳои  мунтахаби  32  мамлакат ширкат  меварзанд.  Дар  мусобиқоти  имсола  дастаи  мунтахаби Русия иштирок  надорад.  Дастаҳои  футболи  иштирокчии  мусобиқот  ба  8  гурӯҳ  тақсим  карда шуданд. Қувваозмоии  хотимавии он  11  июл   гузаронида  мешавад.

Июнь 11, 2010 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад