О.ОҚИЛОВ ДАР «ШАҲРИСТОН»

Июнь 24, 2010 09:19

Шаҳристон,  24 июн. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —   Сарвазири  ҷумҳурӣ  Оқил  Оқилов  23  июн  бо  ҷараёни  сохтмони   туннели  «Шаҳристон»  шинос  гардид. Менеҷери   сохтмони  қисмати  шимолии туннел  Абдуманнон  Раҳмонов   дар  бораи  рафти  сохтмони туннел  нақл  кард. Вай  зикр  намуд, ки  айни  ҳол  дар  қисмати  шимолии  туннел  158  коргари  чинӣ  ва  58   коргари  маҳаллӣ кор мекунад. То  имрӯз  дар  қисмати  шимолии туннел  1496  метр   нақби  ҳавокашӣ   ва  1373  метр  нақби  нақлиётӣ  сохта  шудааст.  Дарозии  нақби  ҳавокашӣ  дар  қисмати  ҷанубии  туннел  2675  ва  нақби нақлиётӣ 2590  метрро  ташкил  медиҳанд. Дарозии  умумии  туннел  5253 метр   мебошад. Сохтмони он  моҳи  сентябри  соли  2006  оғоз  ёфта  буд. Маблағи  умумии  сохтмон  78 миллион  доллари  ИМА – ро  ташкил медиҳад. Туннели  «Шаҳристон» — ро  ширкати  чинии «Чайна  Роуд»  месозад.

Июнь 24, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад