ОБҲОИ «ШОҲАМБАРӢ» ҚАЛБАКИСТ?

Июнь 1, 2010 15:39

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корхонаҳои истеҳсоли обҳои нӯшокии ғайриспиртӣ ва яхмоси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ семинар-машварат баргузор гардид.  Директори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов аз арзу шикояти истеъмолкунандагон тавассути ВАО ва ба дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба паст будани сифати обҳои нӯшокӣ ва яхмосҳо изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриро меандешад, то соҳибкорӣ дар кишвар рушд кунад. Аз ин рӯ, соҳибкорон низ бояд ин иқдомҳои Ҳукумати мамлакатро ба инобат гирифта, аз истеҳсоли маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ худдорӣ намоянд. Дар семинар-машварат зикр гашт, ки имрӯз харидорӣ ба обҳои нӯшокии маъдании соф, аз ҷумла оби маъдании «Шоҳамбарӣ» торафт кам шуда истодааст. Сабаби аслии ин истеҳсоли қалбакии ин тамғаи об мебошад, ки ба коста гардидани эътиқоди истеъмолкунандагон оварда расонидааст.    

Июнь 1, 2010 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд