ОБҲОИ «ШОҲАМБАРӢ» ҚАЛБАКИСТ?
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корхонаҳои истеҳсоли обҳои нӯшокии ғайриспиртӣ ва яхмоси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ семинар-машварат баргузор гардид. Директори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов аз арзу шикояти истеъмолкунандагон тавассути ВАО ва ба дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба паст будани сифати обҳои нӯшокӣ ва яхмосҳо изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриро меандешад, то соҳибкорӣ дар кишвар рушд кунад. Аз ин рӯ, соҳибкорон низ бояд ин иқдомҳои Ҳукумати мамлакатро ба инобат гирифта, аз истеҳсоли маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ худдорӣ намоянд. Дар семинар-машварат зикр гашт, ки имрӯз харидорӣ ба обҳои нӯшокии маъдании соф, аз ҷумла оби маъдании «Шоҳамбарӣ» торафт кам шуда истодааст. Сабаби аслии ин истеҳсоли қалбакии ин тамғаи об мебошад, ки ба коста гардидани эътиқоди истеъмолкунандагон оварда расонидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






