ОХИРИ ИЮН ИҶЛОСИЯИ ШАҲРӢ ДАЪВАТ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе 11 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-24 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати дуюм баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Дар иҷлосия раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №43 ҳисобот медиҳад. Ҳамзамон, дар назди вакилон муовини Раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2008-2015 гузориш медиҳад. Дар фароҷоми иҷлосияи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






