ОЯНДАИ ИДОРАИ ҲАВЗАВИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР ТОҶИКИСТОН

Июнь 9, 2010 10:29

Душанбе, 9 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Яке аз проблемаҳои рӯзмарраи ҷаҳониён истифода ва ҳифзи захираҳои об мебошад.   Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори филиали тоҷикистонии Маркази илмию иттилоотии  байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об Истамқул Гадоев ҳамсӯҳбат шуд. -Тоҷикистон ба мамлакатҳои кишоварзии обёрии қадима мансуб буда, осори ирригатсияи қадима дар ҳавзаҳои ҳама дарёҳои калони мамлакат Панҷ, Вахш, Сирдарё, Зарафшон, ва Кофарниҳон мавҷуданд. Новобаста аз гуногунии ҷараёни  рушди инсонӣ , фарҳанг ва давлат, ҳамаи онҳо дар делта ё ҳавзаи дарёҳо ба вуҷуд омадаанд, баъд чӣ? -То охири солҳои 50 -уми асри гузашта идораҳои  захираҳои об дар асоси принсипи ҳавзавӣ амалӣ карда мешуд: Шабакаҳои  Обёрии   Вахш, Хоҷабақирғон, Фархору Чубек, Панҷ мисолҳои идораҳои ҳавзавии об мебошанд. Дар аввали солҳои 60 -уми асри гузашта, дар принсипи идораи иқтисодиёти шӯравӣ таъғиротҳо ба амал омаданд: КПСС тадриҷан маҳакҳои идораи ҳокимиятро аз кумитаҳои иҷроияи депутатҳои меҳнаткашони дараҷаҳои гуногун гирифта ба органи ягонаи ҳокимият ва иҷроия табдил ёфт. Ин ба принсипи ҳазорсолаи идораи ҳавзавии об таъсир расонид. Системаи ягонаи идораи шабакаҳои обёрии як ҳавза ба идораҳои районии хоҷагии об (Райводхоз) тақсим карда шуданд. Акнун ҳар як Котиби районии КПСС Райводхоз дошт ва де-факто ба таври муайянкунанда ба таъин намудани сардори Идораи районии хоҷагии об таъсир мерасонид. -Дар шароити бозоргонӣ самаранокии истифодаи об чӣ гунна хоҳад буд?      -Гарчанде дар шароити бозаргонӣ ин намуди идораи захираҳои об самаранокии хеле паст дорад, дар шароити иқтисодиёти захиратақсимкунандаи Иттиҳоди Шуравӣ Райводхозҳо устуворона фаъолият менамуданд. Онҳо дар вақташ ва ба миқдори лозима ва аз он ҳам зиёд бо захираҳои моддӣ-техникӣ ва молиявӣ таъмин карда мешуданд. Ягон фард ба аз ҳад зиёд сарф шудани маводҳо барои истифода ва беҳдории   шабакаҳои обёрӣ аҳамияти ҷиддӣ намедод. Ҳолатҳои нопурра истифода бурдани захираҳои ҷудошуда аз тарафи Райводхозҳо ва дигар зеридораҳои дар он вақт Вазорати пуриқтидортарини Мелиоратсия ва хоҷагии оби СССР ва республикаҳо кам набуданд. Хусусан ин зайл ҳолатҳо дар идораҳои сохтмонии ин вазорат мушоҳида карда мешуданд.  Ҳамин тариқ, дар солҳои ҳаштодӯми асри гузашта, принсипи дар ҳазорсолаҳо имтиҳонкардашудаи ҳавзавӣ вайрон карда шуда буд. Њоло принсипи ҳавзавӣ дар ҳама ҷои дунё риоя карда мешавад, ва ягон   давлат  ҳатто фикри дигар кардани ин принсипро   надорад. Дар давраи иқтисоди бозаргонӣ базаи моддӣ‑техникӣ ва молиявие, ки барои устуворона хизмат намудани шабакаҳо  лозиманд, дар мадди аввал бояд ба маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, ки аз тарафи истифодабарандагони об  пардохта мешаванд, асос ёфта бошад. Аз соли 1996, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва баъдтар дар асоси моддаҳои мувофиқи Кодекси Оби ҶТ (солҳои 2000 ва 2006) обрасонӣ барои мақсади ирригатсия дар асоси пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ амалӣ шуда истодааст.  Аммо тарифаи ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи Вазорати иқтисод ва савдо танзим намуда мешавад, ва ин механизми нимбозоргонӣ сохтани пойдевори ҳақиқатан иқтисодии фаъолияти устувори комплекси хоҷагии обро таъмин намуда натавонист. Фарсудашавии фондҳои асосии истеҳсолот давом дорад ва теъдоди шикасти кори таҷҳизот, хусусан дар обёрии мошинӣ сол аз сол зиёд шуда, ба дараҷаи хатарнок  расидааст. Ҳамаи ин ба фаъолияти механизми мавҷудаи сохти идороти об таъсири манфӣ мерасонад. Ҳолати мураккаби иқтисодии мавҷудаи идораи захираҳои обро, дар қатори сабабҳои гуногун, инчунин бо принсипи маъмурӣ‑территориявии идораи захираҳои об, ки аз давраи иқтисодиёти захиратақсимкунӣ боқӣ мондааст маънидод намудан мумкин аст. Давом ёфтани чунин ҳолат тадриҷан ба тамоили устувори камшавии майдони заминҳои обӣ дар мамлакат оварда мерасонад. Аллбата дар чунин ҷараёни манфӣ системаи ғайриратсионалии андозбандии соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии об низ роли худро мебозад. Дар ҳолати дастгирии начандон зиёди сохторҳои ҳукуматӣ (дастгирии на аз 10% зиёди Ҳукуматҳо) дар айни замон, принсипи ба давраи иқтисоди захиратақсимкунӣ ва маъмурӣ‑территориявӣ хоси идораи хоҷагии об давом дорад. -Мақсад аз гузаронидани ислоҳоти аграрии Ҳукумати ҷумҳурӣ чист? -Ҳамаи камбудиҳои дар соњаи кишоварзи мављударо ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ислоњоти агриро амали намояд. Дар чорчубаи ин ислохот ислохоти хочагии об низ гузаронида хохад шуд. Дар натиљаи гузаронидани ислохот дар назар аст, ки хоҷагиҳо‑истифодабарандагони об ба воҳидҳои аслии истеҳсолии бозорӣ, баъди барқарор шудани сармояи (капитали)   онҳо ва вақте ки фактори асосии ҳаракатдиҳандаи истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳавасмандии баланди моддӣ ва молиявӣ  молик мегардад, ҷой хоҳад дошт. Фақат ҳамон замон хоҷагиҳо метавонанд дар беҳдорӣ ва истифодаи   шабакаҳои обёрӣ ва заҳбурӣ байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагӣ ҳақиқатан ва бо пуррагӣ иширок намоянд. Аммо, таҷрибаи мамлакатҳои истеҳсоли кишоварзиашон мутараққӣ нишон медиҳад, ки бе дастгирии сиёсӣ-иқтисодии давлатӣ обёрии кишоварзӣ тараққӣ карда  наметавонад. Мамлакати мо, ки худ дар роҳи гузариш ва рӯ ба таррақист ва начандон  буҷаи ғанӣ дорад,    бояд дар дастгирии обёрии  кишоварзӣ  аз усулҳои андозбандии оқилона ва   сохти идорот васеъ истифода намояд.   Барои гузариш ба присипи ҳавзагии идораи захираҳои об дар дурнамои наздик бояд чорабиниҳои зерин амалӣ карда шавад: 1.                 Масъалаҳои идораи давлатӣ, хухусигардонӣ ва мушаххас намудани соҳибмулкони объектҳои хоҷагии об дар зинаҳои гуногуни сохтори идораи хоҷагии об 2.                 Гузариши зина ба зина ба принсипи ҳавзавии сохтори идораи хоҷагии об 3.                 Шаклдигаркунии зина ба зинаи идора бо присипи аз боло ба поён дар асоси  методҳои асили иқтисодии идораи захираҳои об, дар ҳолати нигаҳдории афзалиятҳои  давлатӣ ва ҷамъиятии таъмин намудан бо оби нушокӣ. 4.                 Мушаххасан муайян намудани ваколатҳо ва вазифаҳои вазорату идораҳо, ки ба идораи захираҳои об дахлдоранд, ё кам намудани теъдоди чунин идораҳо бо мақсади таҳия ва амалӣ намудани сиёсати истифода ва ҳизфи об, ки самаранокиаш боз ҳам  баланд мебошад. 5.                 Ташкил намудани Идораҳои ҳавзавии об   бо ҷалб намудани ҳама намуд  истифодабарандагони об ва намояндагони ҷамъиятҳо. — Ба принсипи ҳавзавии захираҳои об гузаштан чӣ маъно  дорад? -Масъалаҳои дар боло номбаршудаи идораи захираҳои об, масъалаҳои миёнамуҳлати беҳтар намудани идора ва қонунгузории мебошанд, ки ба гузаштан ба принсипи ҳавзагии идораи захираҳои об мусоидат менамоянд. Барои ҳалли ин масъалаҳо тағиру иловаҳо ба Кодекси оби ҶТ, таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима ва тасдиқи он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон лозим мебошад. Гузаштан ба идораи ҳавзавии об имконият медиҳад, ки масъалаи муайян намудани тарифи ҳаққи  хизмати обрасони аз тарафи худи истифодабарандагони об дар маҷлиси умумии Идораи Хавзавии об бо иштироки васеи истифодабарандагони об муайян карда шуда дар Кумитаи зиддимонополии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. Ҳамин тариқ, нархи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар ҳар як ҳавза алоҳида, вобаста аз сатҳи хароҷоти мушаххас, ки ба худ ҳамаи хароҷотҳои беҳдорӣ ва истифодаи шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуриро дар бар мегирад, муайян карда мешавад. Принсипи ҳавзавии идораи захираҳои об ҷиҳати тарбиявӣ низ дошта, истифодабарандагони обро дар роҳи ҳизфи об ва муҳити атроф, сарфакорона истифода бурдани об, муташаккилона ҳал намудани ҳамаи масъалаҳои дар назди истифодабарандагони об буда тарбия хоҳад кард.                                                         

Июнь 9, 2010 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст