ПАҲНШАВИИ МАЛАХ ДАР МАСОҲАТИ БЕШ АЗ 100 ҲАЗОР ГЕКТАР
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Корхонаи воҳиди давлатии «Муборза бар зидди малах», соли ҷорӣ дар масоҳати 100 ҳазору 507 гектар ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малахи «марокоӣ» паҳн гардид, ки ин нисбат ба соли 2009 21 ҳазору 507 гектар зиёд мебошад. То 14 –уми июни соли ҷорӣ дар майдони 70 ҳазору 759 гектар коркарди кимиёвии зидди малах гузаронида шудааст. Ба гуфти директории КВД «Мубориза бар зидди малах», соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон малах дар масоҳати 55 ҳазору 900 гектар замини чарогоҳ ва кишти ғаллаю полезӣ паҳн шуд, ки ин нисбат ба соли 2009 6 ҳазору 700 гектар зиёд аст. Хулоса кардан душвор нест, ки соли гузашта бар зидди малах мубориза то охир давом накард ва тавассути заҳрхимикатҳо он пурра нест нагардид. Бо вуҷуди он ки дастҷамона бар зидди малах мубориза давом дорад, аммо имсол ҳам нест карданаш ба гумон аст, зеро имрӯз он дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ пахн шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






