ПАҲНШАВИИ МАЛАХ ДАР МАСОҲАТИ БЕШ АЗ 100 ҲАЗОР ГЕКТАР

Июнь 15, 2010 08:42

Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Корхонаи воҳиди давлатии «Муборза бар зидди малах», соли ҷорӣ дар масоҳати 100 ҳазору 507 гектар ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малахи «марокоӣ» паҳн гардид, ки ин нисбат ба соли 2009 21 ҳазору 507 гектар зиёд мебошад. То 14 –уми июни соли ҷорӣ дар майдони 70 ҳазору 759 гектар коркарди кимиёвии зидди малах гузаронида шудааст. Ба гуфти директории КВД «Мубориза бар зидди малах», соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон малах дар масоҳати 55 ҳазору 900 гектар замини чарогоҳ ва кишти ғаллаю полезӣ паҳн шуд, ки ин нисбат ба соли  2009 6 ҳазору 700 гектар зиёд аст. Хулоса кардан душвор нест, ки соли гузашта  бар зидди малах мубориза то охир давом накард ва тавассути заҳрхимикатҳо он пурра нест нагардид. Бо вуҷуди он ки дастҷамона бар зидди  малах мубориза давом дорад, аммо имсол ҳам  нест карданаш  ба гумон аст, зеро имрӯз  он дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ пахн шудааст.

Июнь 15, 2010 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон