ПЕШРАВӢ МЕШАВАД, АГАР ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БОШАД
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ дар мавзӯи ҳамкории марказҳои матбуотии мақомотҳои давлатӣ бо воситаи ахбори омма баргузор гардид. Семинари мазкур бо ибтикори Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ созмон ёфт. Дар ҷамъомад котибони матбуотии вазорату идораҳо, хабарнигорони ВАО ҳузур доштанд. Дар назди ҳозирин директори WPR (Пажуҳишгоҳи инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ) дар Осиёи Марказӣ Абахон Султонназаров, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев, ҳамоҳангсози хадамоти моноторинги нақзи ҳуқуқи ВАО-и АМВАМТ Абдуфаттоҳ Воҳидов, раиси шӯрои ВАО- и Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Иброҳим Усмонов суханронӣ намуда, дар бораи ҳамкориҳои тарафайн маълумоти муфассал доданд. Ширкаткунандагони ҷамъомад ба дастуру китобҳои зарурӣ таъмин гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






