ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ

Июнь 21, 2010 09:43

Душанбе,  21 июн. (АМИТ «Ховар»). —   Раиси  Шӯрои  ҳамкории гуманитарии  давлатҳои  ИДМ  Ҷаҳон  Полиева  аз  Минск  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   иштирокчиёни   маҷлиси  машваратии  ҳамоҳангсози   намояндагони  мамлакатҳои  ИДМ  дар  пойтахти  Белорусия   масъалаи   ҳар  сол   муайян  кардани  пойтахти  фарҳангии  Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақилро  муҳокима  намуданд. Пойтахти  фарҳангии  давлатҳои  ИДМ   аз  соли   2011  сар  карда,  муайян  карда  мешавад. Ҷ.Полиева  изҳор  намуд, ки  соли  2011 дар  қаламрави  ИДМ  Соли  мероси  таърихию  фарҳангӣ  эълон  карда  мешавад. Инчунин,  соли  оянда  таҳияи  феҳрасти  ёдгориҳои  таърихию  фарҳангии  ИДМ  давом дода  хоҳад  шуд.  Намояндагони  мамлакатҳои  ИДМ 19  июн дар  Минск  инчунин  баъзе  натиҷаҳои  соли  илм   ва технологияҳои  навро  мавриди баррасӣ  қарор  доданд.  Дар  доираи  Соли   илм  ва технологияҳои навтарин  тӯли  моҳҳои оянда   анҷумани  панҷуми  зиёиёни   илмӣ  ва  эҷодкори   давлатҳои  ИДМ,  анҷумани   навоварони  ҷавони  мамлакатҳои  ИДМ,  ҷашнвораи  илм  ва  ҷамъомадҳои  дигари  муҳим  ба  нақша  гирифта шудаанд.

Июнь 21, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад