ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Тибқи хабари дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод 8 июн барои боздиди корӣ ба Душанбе хоҳад омад. 9 июн мулоқоти Президенти Эрон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Президенти Эрон ҳамчунин зимни сафар дар яке аз маҳфилҳои Конфронси байналмилалии таҳлили миёнамӯҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи амалиёти «Об барои зиндагӣ» ширкат меварзад, ки аз 8 то 10 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






