ПРОФЕССОРИ ТОҶИК БА УЗВИЯТИ «ГУРӮҲИ ШЕЪРУ АДАБИ ЭКО» ПАЗИРУФТА ШУД

Июнь 11, 2010 09:48

Душанбе. 11 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Донишманди тоҷик, устоди Донишгоҳи Давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ,  Мирзо Аҳмадзода ба узвияти «Гурӯҳи шеъру адаби Муассисаи фарҳангии ЭКО» пазируфта шуд. Гурӯҳи мазкур аввалҳои майи соли равон созмон дода шуда, Раисаш донишманди шинохтаи Эрон доктор Маҳдии Муҳаққиқ аст. Инчунин, шахсиятҳои фарҳангию адабии Эрон  доктор Алии Равоқӣ ва доктор Озар ба ин гурӯҳ шомил  мебошанд.  «Гурӯҳи шеъру адаби  Муассисаи фарҳангии ЭКО» ниҳоди илмию фарҳангиест,  ки бо маслиҳату машваратҳои судмандаш дар густариши фарҳанги кишварҳои узви ЭКО нақши муассир мегузорад. Дар назар аст, ки дар оянда шахсиятҳои илмию адабии кишварҳои дигари аъзои ин созмон ба узвияти ин гурӯҳ пазируфта хоҳанд шуд.

Июнь 11, 2010 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад