ПРОФЕССОРИ ТОҶИК БА УЗВИЯТИ «ГУРӮҲИ ШЕЪРУ АДАБИ ЭКО» ПАЗИРУФТА ШУД
Душанбе. 11 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Донишманди тоҷик, устоди Донишгоҳи Давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Мирзо Аҳмадзода ба узвияти «Гурӯҳи шеъру адаби Муассисаи фарҳангии ЭКО» пазируфта шуд. Гурӯҳи мазкур аввалҳои майи соли равон созмон дода шуда, Раисаш донишманди шинохтаи Эрон доктор Маҳдии Муҳаққиқ аст. Инчунин, шахсиятҳои фарҳангию адабии Эрон доктор Алии Равоқӣ ва доктор Озар ба ин гурӯҳ шомил мебошанд. «Гурӯҳи шеъру адаби Муассисаи фарҳангии ЭКО» ниҳоди илмию фарҳангиест, ки бо маслиҳату машваратҳои судмандаш дар густариши фарҳанги кишварҳои узви ЭКО нақши муассир мегузорад. Дар назар аст, ки дар оянда шахсиятҳои илмию адабии кишварҳои дигари аъзои ин созмон ба узвияти ин гурӯҳ пазируфта хоҳанд шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






