«РӮЗИ МОҲИХӮРӢ» БОЯД ЭҲЁ ШАВАД

Июнь 30, 2010 09:11

Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон»- и Вазорати кишоварзӣ  Аҳмадҷон Ғафуров,   Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби истеҳсоли моҳиро дорад, зеро 60 фоизи захираҳои обҳои Осиёи Марказиро оби дарёю кӯлҳои  дар Тоҷикистон буда ташкил медиҳанд. Ба гуфти А. Ғафуров, агар ҳамаи имкониятҳои  мавҷуда самаранок истифода гарданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти истеҳсоли 80 ҳазор тонна моҳӣ мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки аҳолии Тоҷикистон дар як сол ҳамагӣ ба 14 ҳазор тонна моҳӣ ниёз дорад. Дар солҳои 80 – уми асри гузашта дар як сол 3,5 тонна моҳӣ  истеҳсол мегардид ва қариб 5 ҳазор тонна моҳӣ аз Русия ворид мегардид. Соли 2009 дар ҷумҳурӣ 504 тонна  моҳӣ истеҳсол карда шудаст. Соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ ба 700 тонна расонида мешавад. Дар замони шӯравӣ рузи панҷшанбе «Рӯзи моҳихӯрӣ» эълон шуда буд ва дар ошхонаҳо тамоми хӯрокҳо бо истифода аз гӯшти моҳӣ тайёр карда мешуданд. Акнун вақти он расидааст, ки мо ин рӯзро аз нав эҳё намуда, сокинони ҷумҳуриро бо гӯшти моҳӣ таъмин намоем,- мегӯяд А. Ғафуров.

Июнь 30, 2010 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад