РАИСИ БОНКИ РУШДИ ЕВРАЗИЯ ТАЪИН ШУД

Июнь 8, 2010 16:03

Душанбе,  8 июн. (АМИТ «Ховар»). —  Бо  фармони раиси  Ҳукумати  Русия  В.Путин  Игор Финогенов  раиси  Бонки  рушди  Евразия  таъин  карда  шуд.  Фармони  раиси  Ҳукумати  Русия   ба  натиҷаҳои   маҷлиси  Шӯрои   бонки  мазкур   вобаста  мебошад, ки   дар  он  ҳисоботи  роҳбарияти  бонк  дар  бораи  натиҷаҳои  фаъолияти он  дар  соли  2009  шунида, инчунин   масъалаи  интихоби  раиси  нави  бонкро  барои  чор  соли оянда  муҳокима  кард. Дар  маҷлиси  Шӯрои бонк    вазири  саноат  ва тиҷорати  Русия  Виктор  Христенко,   вазири  молияи  Қазоқистон  Болат  Жамишев,  ноиби  сарвазир,  вазири  саноат   ва технологияҳои нави  Қазоқистон  Асет  Исикешов, муовини  вазири энергетика ва сарватҳои табиии  Арманистон   Иосиф Исоян ва  вазири  молияи  Тоҷикистон  Сафаралӣ  Наҷмиддинов  иштирок  доштанд.

Июнь 8, 2010 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд