РАИСИ БОНКИ РУШДИ ЕВРАЗИЯ ТАЪИН ШУД
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар»). — Бо фармони раиси Ҳукумати Русия В.Путин Игор Финогенов раиси Бонки рушди Евразия таъин карда шуд. Фармони раиси Ҳукумати Русия ба натиҷаҳои маҷлиси Шӯрои бонки мазкур вобаста мебошад, ки дар он ҳисоботи роҳбарияти бонк дар бораи натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2009 шунида, инчунин масъалаи интихоби раиси нави бонкро барои чор соли оянда муҳокима кард. Дар маҷлиси Шӯрои бонк вазири саноат ва тиҷорати Русия Виктор Христенко, вазири молияи Қазоқистон Болат Жамишев, ноиби сарвазир, вазири саноат ва технологияҳои нави Қазоқистон Асет Исикешов, муовини вазири энергетика ва сарватҳои табиии Арманистон Иосиф Исоян ва вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок доштанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






