РАИСИ НАВИ «АГРОИНВЕСТБОНК»

Июнь 21, 2010 14:16

Душанбе,  21 июн. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). —  18  июн маҷлиси  умумии  кормандони  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Агроинвестбонк»  баргузор  гардид. Иштирокчиёни  маҷлис  аризаи  раиси  бонк   Ниёзмурод  Саидмуродовро  дар  бораи  аз  вазифа  озод  карданаш  бо  сабаби саломатӣ баррасӣ  намуданд.  Нотиқон зикр  карданд, ки  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Агроинвестбонк» тӯли  солҳои  роҳбарии  Н.Саидмуродов ба  яке  аз   бонкҳои  беҳтарини  мамлакат  табдил  ёфт.  Доираи  хизматрасонии  бонк дар  дохили  мамлакат  ва берун  аз ҳудуди он  бо  роҳи  пешниҳоди  навъҳои нави  хизматрасонӣ  васеъ  гардида,  шумораи   мизоҷон  ва  маблағи қарзи он  чандин  маротиба  афзуд. Бонк  айни  ҳол  бо  даҳҳо   муассисаҳои  молиявии  мамлакатҳои  хориҷӣ  ҳамкорӣ  мекунад.   Яке  аз  дастовардҳои  «Агроинвестбонк»  ба  сармояи  он   шарик  шудани  Бонки  тармиму таҷдид ва  рушди  Аврупо  буд. Айни  ҳол   саҳми   бонки  мазкур   дар  «Агроинвестбонк»  25  фоизи  сармояи  онро ташкил  медиҳад.  Ин иқдом   ба  «Агронивестбонк»  имкон  дод, ки  ҳатто  дар  шароити   бӯҳрони  шадиди  молиявӣ  фаъолияташро  самарабахш  пеш бурда,  ӯҳдадориҳои  ба  зимма гирифтаашро бомуваффақият  иҷро  намояд. Бо  қарори  Шӯрои  нозирони  бонк, Фаррух  Тағоймуродов  раиси  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Агроинвестбонк»  таъин  карда шуд.  Мавсуф  қабл  аз  ин  дар  вазифаи  муовини раиси   бонк  кор  мекард.

Июнь 21, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад