РАИСИ НАВИ «АГРОИНВЕСТБОНК»
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 18 июн маҷлиси умумии кормандони Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» баргузор гардид. Иштирокчиёни маҷлис аризаи раиси бонк Ниёзмурод Саидмуродовро дар бораи аз вазифа озод карданаш бо сабаби саломатӣ баррасӣ намуданд. Нотиқон зикр карданд, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» тӯли солҳои роҳбарии Н.Саидмуродов ба яке аз бонкҳои беҳтарини мамлакат табдил ёфт. Доираи хизматрасонии бонк дар дохили мамлакат ва берун аз ҳудуди он бо роҳи пешниҳоди навъҳои нави хизматрасонӣ васеъ гардида, шумораи мизоҷон ва маблағи қарзи он чандин маротиба афзуд. Бонк айни ҳол бо даҳҳо муассисаҳои молиявии мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад. Яке аз дастовардҳои «Агроинвестбонк» ба сармояи он шарик шудани Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо буд. Айни ҳол саҳми бонки мазкур дар «Агроинвестбонк» 25 фоизи сармояи онро ташкил медиҳад. Ин иқдом ба «Агронивестбонк» имкон дод, ки ҳатто дар шароити бӯҳрони шадиди молиявӣ фаъолияташро самарабахш пеш бурда, ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро бомуваффақият иҷро намояд. Бо қарори Шӯрои нозирони бонк, Фаррух Тағоймуродов раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» таъин карда шуд. Мавсуф қабл аз ин дар вазифаи муовини раиси бонк кор мекард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






