РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК РАСОНИДА МЕТАВОНАД
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар»). – Роҳбари Хадамоти давлатии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия, сардухтури давлатии санитарии ин мамлакат Геннадий Онищенко ба хабарнигорон гуфт, ки мамлакаташ духтуронро барои расонидани кӯмак дар табобати беморони фалаҷи ҳароммағз ба Тоҷикистон фиристода метавонад. Мо ин масъаларо бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон баррасӣ менамоем, гуфт вай. Мутахассисони мо дар мавриди зарурат ба воситаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Г.Онищенко афзуд, ки дар шаҳрҳои Иркутск, Челябинск ва Екатеринбург се кӯдаки бемори гирифтори фалаҷи ҳароммағз ба қайд гирифта шуд, ки аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оварда шудаанд. Духтурон дар шаҳри Екатеринбург сабаби вафоти як нафар кӯдаки аз Ӯзбекистон овардашударо таҳқиқ менамоянд. Гумон меравад, ки кӯдаки мазкур аз бемории фалаҷи ҳароммағз вафот кардааст. Ба қавли Г.Онищенко, Хадамоти давлатии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия қарори худро дар бораи манъи ворид сохтани меваи хушк аз Тоҷикистон ба Русия бекор карда метавонад. Қарори мазкур танҳо баъди мӯътадил гардидани вазъияти паҳншавии беморӣ бекор карда мешавад, гуфт вай.