РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК РАСОНИДА МЕТАВОНАД

Июнь 8, 2010 16:07

Душанбе,  8 июн. (АМИТ «Ховар»). – Роҳбари  Хадамоти   давлатии   назорати  ҳифзи  ҳуқуқи  истеъмолкунандагони  Русия,  сардухтури  давлатии санитарии  ин  мамлакат   Геннадий  Онищенко  ба  хабарнигорон  гуфт, ки   мамлакаташ  духтуронро  барои расонидани  кӯмак дар  табобати беморони  фалаҷи  ҳароммағз  ба  Тоҷикистон фиристода  метавонад. Мо  ин  масъаларо  бо  Вазорати  тандурустии  Тоҷикистон  баррасӣ  менамоем,  гуфт  вай.  Мутахассисони  мо  дар  мавриди  зарурат  ба  воситаи  Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ  ба  Тоҷикистон  фиристода  мешаванд. Г.Онищенко   афзуд, ки  дар   шаҳрҳои  Иркутск,  Челябинск  ва  Екатеринбург  се  кӯдаки  бемори  гирифтори   фалаҷи  ҳароммағз  ба  қайд  гирифта  шуд, ки  аз  ҷумҳуриҳои  Осиёи  Марказӣ  оварда шудаанд. Духтурон  дар  шаҳри  Екатеринбург сабаби  вафоти як  нафар   кӯдаки  аз  Ӯзбекистон  овардашударо  таҳқиқ  менамоянд.  Гумон  меравад, ки  кӯдаки  мазкур   аз  бемории   фалаҷи  ҳароммағз  вафот  кардааст. Ба  қавли  Г.Онищенко,  Хадамоти  давлатии назорати  ҳифзи  ҳуқуқи  истеъмолкунандагони  Русия  қарори  худро   дар  бораи  манъи  ворид  сохтани   меваи  хушк  аз Тоҷикистон  ба  Русия   бекор  карда  метавонад.  Қарори  мазкур  танҳо баъди  мӯътадил  гардидани  вазъияти  паҳншавии беморӣ  бекор  карда  мешавад,  гуфт  вай.

Июнь 8, 2010 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид