САФАРИ КОРИИ Э. РАҲМОН БА ВМКБ
Субҳи имрўз, 23 июни соли 2010, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 13- умиҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар кард. Зимни ин сафар, ки қариб як ҳафта идома меёбад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хорўғ ва ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дидан карда, дар маросими ба истифода додани иншооти сершумори ҷашнӣ ва тантанаҳои идона иштирок мекунад ва бо мардуми ин минтақаи баландкўҳи кишвар аз наздик сўҳбатҳо анҷом медиҳад. Хотиррасон бояд намуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд ёфтааст. Айни ҳол дар вилоят фақат аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони беш аз 130 иншоот босуръат идома дорад. Дар солҳои 2006-2009 барои иҷрои корҳои сохтмон қариб 300 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






