САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э. РАҲМОН БА МИНТАҚАИ КЎЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Рўзҳои якшанбею душанбеи 13 – ум ва 14 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон қарор дошт. Ҳадафи асосии сафар шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рўзгори мардум пас аз харобкориҳои офати табиӣ, рафти бартарафсозии оқибати он, пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида, инчунин таҳлилу баррасии ҳолати корҳо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон буд. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шўрообод оғоз ёфт. Дар ин ҷо Сарвари давлат бо аҳолии аз боронҳои сел зарардида сўҳбат намуда, бо рафти бартарафсозии оқибати офати табиӣ аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум шуд, дар натиҷаи омадани селоби шадиди шаби 6 – ум ба 7 – уми майи соли равон дар ин ҷо хонаҳои 12 оила пурра хароб шуда, манзилҳои зиёди дигар қисман зарар дидаанд. Аз оилаи Бозоровҳо, ки аз 7 нафар иборат буданд, падару модар бо 2 писару як духтараш тўъмаи селоб шудаанд. Аз 5 каси ҳалокшуда ҷасади танҳо як нафар ёфт шудааст. Тибқи баъзе маълумоти тасдиқнашуда ҷасади 3 нафари дигар дар соҳили чапи дарёи Панҷ, дар ҳудуди Афғонистон ёфт шудааст ва барои санҷиши ин маълумот ва баргардондани ҷасадҳо чораҳо андешида мешаванд. Аз нафарони дар он хона қарордошта, танҳо Самандари 17 – сола аз селоб наҷот ёфтааст. Бародараш – Бахтёр, ки дар шаҳри Маскав будааст, баъди се рўз омадааст. Аз 13 хонае, ки ба таври хайрия сохта мешаванд, якеаш аз ин ду бародарон аст. Баъди сўҳбат бо онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳияи Шўрообод дастур дод, ки писари калонӣ – Бахтиёрро хонадор карда, дар ҳамин наздикӣ соҳиби ҷойи кор намоянд. Самандар, ки орзуи хонда, афсари ҳарбӣ шудан дорад, бо квотаи Президентӣ ба факултаи ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қабул хоҳад шуд. Мардуми деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шўрообод аз ташрифи онрўза ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хушҳолу сарфароз гашта, ба ў арзи спосу миннатдорӣ карданд. Дар маҳаллаи нави барои зарардидагон ҷудошуда, сохтмони 13 хонаи нав бо суръат ва сифати баланд идома дорад. Дар ҳамин мавзеъ имкони ҷо ба ҷо кардани 480 оила вуҷуд доштааст. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи оилаҳои ин ноҳия, ки дар мавзеъҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд, тадриҷан ба ҳамин ҷо кўчонда шаванд ва маҳаллаи нав бо тамоми шароити муосири зиндагӣ, аз ҷумла оби нўшокию зироаткорӣ, барқ, мактабу бунгоҳи тиббӣ ва ғайра таъмин карда шавад. Дастур дода шуд, ки сохтмони хонаҳои нави ин маҳалла дар муддати 2 моҳ анҷом дода шуда, бо тамоми асбобу ашёи рўзгор ба оилаҳои бехонамонда тақдим карда шавад. Аз ноҳияи Шўрообод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Тутуи ноҳияи Муъминобод, ки аҳолиаш ҳамчунин аз офати табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, ташриф овард. Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хонаҳои нав дар деҳаи ҷарпечи ин ҷамоат ва сўҳбат бо аҳолии зарардидаю масъулини бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ноҳияи Муъминобод барои 10 оилаи пурра бехонамонда, манзилҳои нав сохта, бо тамоми ашёи рўзгор онҳоро таъмин мекунанд ва ба наздики 250 оила қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ дода мешавад. 39 оила, ки хонаҳояшон қисман хароб шудаанд, ба таври ройгон бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мешаванд. Ба тамоми оилаҳои зарардида кўмаки яквақтаи пулӣ низ расонда шудааст. ҳамаи аҳолии зарардида ва бинокорон бо хўроки гарм ва шароити хуби корӣ ва будубош таъмин гаштаанд. қувваи бештари корӣ аз аҳолии маҳаллӣ аст. қисмате аз онҳо, сарфи назар аз он, ки дар сохтмони хонаҳои худ иштирок мекунанд, аз муассисаҳои сохтмонӣ маош ҳам мегиранд. Дар маҳаллаи нав барои 320 нафар хонанда мактаб ва як бунгоҳи тиббӣ низ сохта мешавад. Масъулини дахлдор дастур гирифтанд, ки хатмкунандаи мактаби ҳамин деҳа духтараки ҷавон Оишаи Раҷабалиро, ки дониши хуб ва лаёқати баланди илмомўзӣ доштааст, аз ҳисоби квотаи Президентӣ ба Факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кўлоб қабул намоянд. Ин факултаро худи ў интихоб намудааст. Духтараки 21 – солаи ин деҳа Шукрона Иқболова, ки бемор ва маъюби гурўҳи якум аст, аз ҳисоби маоши шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тўҳфаҳои қиматнок, аз қабили сарулибос, магнитофон, телевизор ва дигар ашёи рўзгор хоҳад шуд. Аз ноҳияи Муъминобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кўлоб омада, дар 6 маҳаллаи нави аҳолинишин бо рафти сохтмони 600 хонаи истиқоматӣ, ки барои мардуми дар натиҷаи офати табиӣ бехонамонда сохта мешаванд, аз наздик шинос шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тамоми бинокоронро, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои мухталифи ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва ширкатҳои соҳибкорони хусусӣ ба ин ҷо сафарбар шудаанд, ба кори софдилона ва хушсифат ҳидоят намуд. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон «ин беҳтарин хайру садақоти саховатмандон хоҳад буд, зеро оилаҳое, ки баъди он мусибати гушношунид дар ин ҷо соҳиби хона мешаванд, то рўзе ҳастанд ба онҳо дуои хайр мекунанд». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки то 25 августи соли равон ҳамаи хонаҳо бо тамоми ашёву асбоби рўзгор барои ба зарардидагон тақдим намудан омода карда шаванд. Якчанд хона, ки сохтмонашон аллакай ба поён расидааст, худи ҳамон рўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибонашон тақдим карда шуданд. Ду тои ин хонаҳо аз ҷониби ноҳияи ҳисор ва як тоаш бо қувваи бинокорони вилояти Суғд бунёд ёфтааст. Аз ҷониби вилояти Суғд умуман бояд 40 хона сохта шавад ва сохтмони 130 хонаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ўҳда гирифтааст. Боқӣ хонаҳо аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои мухталифи ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва ширкатҳои соҳибкорони хусусӣ бунёд меёбанд. Дар сохтмони ин хонаҳо зиёда аз 3 ҳазору 600 бинокорон иштирок доранд, ки аз ним зиёди онҳо аз худи шаҳри Кўлоб мебошанд. қисмати зиёди онҳо дар ин ҷо хонаҳоро барои худ созанд ҳам, барои ин ҳамчунин маош мегиранд, ки дар ҳолати имрўза баҳри онон кўмаки хуб аст. қариб 2 ҳазор нафари дигар дар соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар ҷойҳо соҳиби кору маоши хуб гаштаанд. Дар қитъаи дуюми маҳаллаи нав миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мўйсафеди нобинои 89 – сола Башар Ғуломов, ки ба кўмаку дастгирӣ ниёз дорад, сўҳбати басо ҷолибу дилнишин сурат гирифт. Ин сўҳбати ширин бо он анҷом ёфт, ки ў низ дар қатори аҳолии аз офати табиӣ зарардида бо лутфу меҳрубонии Сарвари давлат соҳиби хонаи нав хоҳад шуд. Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як мактаби нави замонавиро, ки барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, гузошта, таъкид намуд, ки он то моҳи сентябри соли оянда, яъне то 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо беҳтарин шароити таълиму тарбия сохта, ба истифода дода мешавад. Зимни боздиди Сарвари давлат маълум шуд, ки баҳри бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Бо вуҷуди ин, ба гуфти Президенти мамлакат, «тадбирҳои анҷомёфта ҳанўз қонеъкунанда нестанд». Аз ин хотир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин баҳри боз ҳам беҳтар кардани сифати корҳои сохтмонӣ, бартарафсози оқибатҳои офати табиӣ, ғамхорӣ ба аҳолии зарардида ва анҷом додан дигар корҳои зарурӣ як қатор дастуру ҳидоятҳои иловагӣ дод. Хотиррасон бояд намуд, ки обхезии аз ҳама калон дар шаҳри Кўлоб шаби 6 – ум ба 7 – уми майи соли равон дар натиҷаи борони шадиди тўлонӣ ва омадани сел рух дода буд, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти калони моддӣ шуда, ҳазорон нафар сокинони ин кўчаро бе сарпаноҳ монда буд. ҳамчунин месазад ёдовар шуд, ки рўзи 7 – май Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври таъҷилӣ ба ин ҷо сафар карда, бо аҳволи мардум аз наздик шинос шуда буд ва барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офати табиӣ қувваи зиёд аз сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва техникаю механизмҳои сершуморро сафарбар карда буд. Ин аст, ки имрўз кор дар ҳама ҷо муташаккилона ва бо суръату сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Нимаи дуюми рўзи якшанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Кўчабоғи ҷамоати Пахтакор бо рафти сохтмони хонаҳои нав ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз наздик шинос шуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки дар ин ноҳия ба 42 оилаи бесарпаноҳмонда хонаҳои нав сохта, бо ҳамаи асбобу ашёи рўзгор тақдим карда мешаванд, 83 оилаи дигар, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мешаванд ва барои ба ҷойҳои бехавф кўчондани аҳолии дар мавзеъҳои осебпазир истиқоматдошта 85 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст. Мардум аз ташрифи навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки рафти бартарафсозии оқибати офатҳои табииро таҳти назорати бевосита ва доимии худ қарор додааст, хушҳолу сарфароз гашта, ба ў барои ғамхориҳои пайваста арзи сипос намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар паҳлўҳои дарёи Ёхсу шинос шуда, баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дар ҳамин ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Салом, ки 175 гектар замини кишт доштааст, ташриф оварда, нашъунамои ниҳолҳои пахтаро аз назар гузаронд ва бо деҳқонон аз наздик сўҳбат намуд. Чунонки зикр гардид, аъзои хоҷагӣ бо маоши хуб ва маҳсулоти кишоварзӣ пайваста таъмин шуда, бо ҳавасмадии зиёд ба кори деҳқонӣ машғуланд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбатҳо бо мардум ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои ғамхории доимӣ зоҳир кардан ба мардум супоришҳои мушаххас дод. Субҳи рўзи 14 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кўлоб бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар 5 моҳи соли равон ва масоили вобаста ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маърўзаи таҳлилӣ суханронӣ намуда, камбудиҳои ҷиддии мавҷударо ошкор кард ва баҳри ислоҳ намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки баҳри беҳ намудани шароити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ чораҳои муассир андешида шаванд ва ҳаҷми умумии қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот афзун карда шавад. Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ иҷро шуда бошад ҳам сифати баланду ҳадафманди ҷамъварии маблағҳо таъмин нагардидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бекор мондани 18 600 гектар замини корам, ки 16 500 гектараш замини обӣ мебошад, изҳори нигаронӣ карда, баҳри босамар истифода бурдани ин заминҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, пешгирӣ аз тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳо, ба мавзеъҳои бехавфи барои сохтмони маҳаллаҳои нави зист ҷудошуда кўчондани аҳолии дар ҷойҳои хатарнок зиндагикунанда ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар деҳоти нав ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки маҳаллаҳои нав бояд тибқи нақшаи таҳиягашта бо мактабу бунгоҳи тиббӣ ва хатҳои обу барқрасонӣ бунёд ёфта, хонаҳо низ бо сифати баланд ва аз рўйи лоиҳа сохта шаванд. ҳамчунин таъкид карда шуд, ки маҳаллаҳои нав на дар заминҳои корами ҳосилхез, балки бояд дар заминҳои лалмӣ, партов ва ба ҳадафҳои кишоварзӣ номутобиқ бунёд ёбанд. «Барои бунёди боғҳои нав низ бояд аз заминҳои барои зироаткорӣ номувофиқ ва дур аз маҳалҳои аҳолинишин истифода шаванд», таъкид дошт Сарвари давлат. Супориш дода шуд, ки солҳои оянда майдони кишти пахтаи маҳиннах зиёд карда шавад, «зеро, — ба гуфти Президенти мамлакат, — талабот ба ин навъи пахта дар бозори ҷаҳонӣ зиёд ва нархаш баланд аст». Супоришҳои мушаххас оид ба ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладона, сабзавот, хўроки чорво ва барои ду соли оянда захира намудани онҳо ва ҳамчунин пурзўр намудани мубориза бо ҳашароти зараррасон, пеш аз ҳама малах, дода шуд. Аз рафти иҷрои супориши Сарвари давлат оид ба дастаҷамъона ва аз ҷониби саховатмандон ба таври хайрия ташкил намудани хатнасури писарчаҳои ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат изҳори қаноатмандӣ карда шуд, зеро тибқи маълумоти расида дар 5 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ бо ҳамин роҳ зиёда аз 5 ҳазор писарча хатна карда шуд ва бо ин кор пеши роҳи сарфу хароҷоти зиёд ва забҳи чорвои бисёр гирифта шуд. Дар маҷлиси машваратӣ ҳамчунин ахбори муовини сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи ҳукуматӣ ва сардори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибати офатҳои табиӣ Муродалӣ Алимардон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, Раиси вилояти Хатлон Хатлон Ғайбулло Авзал ва Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода шунида шуд. Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ба поён расид.