ШУКРОНАИ ИҚДОМИ НЕК
Душанбе,14 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияи Зафаробод Маҳмадраҳим Шарифов, дар давоми моҳҳои январ –майи соли ҷорӣ бо дастгирии шахсони саховатпеша ҷашни суннатии 36 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат ва тӯи арӯсию домодии 8 ҷуфт навхонадорони ятим бо хароҷоти кам баргузор гардид. Боиси ёдоварист, ки то вақти қабули қонун барои баргузории тӯю маракаҳо то 1000 сар чорвои хурду калон забҳ карда мешуд, баъди қабули қонун дар давоми як сол дар тамоми маъракаҳо аз 180 то 200 сар чорво истифода мешавад. Танҳо дар соли 2009 дар баргузории 1047 тӯю маъракаҳо ҳамагӣ 229 сар чорво кушта шудааст, ки ин нисбат то ба давраи қабули қонун 700 сар чорво камтар аст. Бо шукргузорӣ аз иқдоми Сарвари давлат, имрӯз тӯю маракаҳо бе душворӣ барои оилаҳои камбизоат баргузор мегарданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






