СОҲАИ АГРАРӢ ИСЛОҲОТИ АМИҚРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

Июнь 16, 2010 10:14

Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 15 июн дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Ислоҳоти комплекси агросаноатӣ дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ шуд, ки он ду рӯз идома ёфта, дар доираи ҳамкориҳои Вазорати кишоварзӣ бо Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО) ташкил шудааст. Дар кори конфронс муовини сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардонов, Вазири кишоварзии ҶТ Қосимҷон Қосимов, роҳбарони Вазоратҳои об ва захираҳои обӣ, рушди иқтисод ва савдо, молияи ҶТ, Кумитиаҳои заминсозӣ ва геодезӣ, моликияти давлатӣ ва инвеститсияи назди ҳукумати ҶТ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва донорӣ, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ иштирок менамоянд. Дар назди ҳозирин Қ. Қосимов бо маърӯзаи худ баромад карда, иброз намуд «Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари агроиндустралӣ буда, аз 7,5 млн. аҳолӣ 73 % — и он дар деҳот зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Дар ҷумҳуриямон ҳамагӣ 700 ҳазор га заминҳои обёришаванда мавҷуд буда, аз ҷумла 200 ҳазор гектараш заминҳои наздиҳавлигӣ аст ва ба ҳар сари аҳолӣ ҳамагӣ 6 сотиқӣ рост меояд». Инчунин ӯ қайд намуд, ки ду Фармони таърихии Президенти ҶТ «Оиди ҷудо намудани замини кишоварзӣ» ба тасвиб расид, ки тибқи он 75 ҳазор га ба деҳқонон тақсим карда шуд ва солҳои вазнини 90-ум омили асосии паст кардани шиддати таъминот бо озуқа гардида буд. Соли 97-уми асри гузашта пастравии иқтисодиёт дар тамоми соҳаҳои ҳоҷагии ҳалқ таъмин карда шуд ва афзоиши ҳарсолаи маҳсулот дар соҳаи аграрӣ на кам аз 10 % ташкил намуд. Дар маҷмӯи маҳсулоти умумии ҷумҳурӣ ҳаҷми соҳаи аграрӣ 25,26 %-ро ташкил медиҳад, вале ин нишондиҳанда то солҳои 90-м 36%-ро ташкил медод. Роҳи ягонаи баланд бардоштани самаранокии соҳа ин татбиқи ҳарчи зудтари ислоҳоти аграрӣ дар Тоҷикистон аст. Бо мақсади рушди сиёсати аграрӣ ва таъмин намудани инкишофи тамоми соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, оид ба баланд бардоштани самаранокӣ, қобилияти рақобатпазирӣ ва дар ин асос таъмин намудани амнияти озуқаворӣ системаи бехатарии миллии ҷумҳурӣ ва татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии бахши кишоварзӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳияи «Барномаи ислоҳоти бахши кишоварзии мамлакат» қабул гардида буд. Тибқи ин қарор, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намояд. Ҳадаф ва моҳияти асосии барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин муайян намудани сохтор, самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини, соҳаи кишоварзии сердаромад ва тамоили содиротӣ дошта мебошад, ки ин аз вазифаи умумӣ баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дараҷаи некуаҳволии аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки Вазорати кишоварзӣ соли гузашта бо мақсади таҳияи Барномаи ислоҳоти аграрӣ фармони махсус қабул намуда, дар бахшҳои мухталифи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла оид ба пурзӯр намудани самтҳои сектори аграрӣ, рушди соҳаҳои тухмипарварии миллӣ, зотпарварӣ, инфрасохтори истеҳсолӣ, оид ба саҳл гардонии низоми андозбандӣ, маркетинги бозорҳои аграрӣ, баланд бардоштани татқиқотҳои илмӣ, низоми босамари итгилоотонӣ-маслиҳатдиҳӣ барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ташкили шабакаи зудамали иттилоотӣ барои саривақт бохабар намудани ҷомеа оид ба таҳияи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва даровардани тағироту иловаҳо ба қонуну қарорҳои ҷумҳурӣ дар рафти ислоҳоти аграрӣ 9 гурӯҳи корӣ ва шӯрои ҳамоҳангсозиро таъсис намуд. Ба гурӯҳҳои корӣ мутахассисони вазорати кишоварзӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шомиланд. Айни замон гурӯҳҳои корӣ дар амалӣ гардидани ислоҳоти соҳаи аграрӣ тибқи нақша-чорабиниҳо фаъолият намуда, ҳар моҳ як маротиба аз натиҷаи корҳои амалигардида ба шӯрои ҳамоҳангсоз ҳисобот пешниҳод менамояд. Ҳамзамон, дар кори конфронси мазкур 36 ташкилотҳои байналхалқӣ ва донорҳои хориҷӣ иштирок менамоянд, ки бояд фикру ақидаҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба Барномаи ислоҳоти аграрӣ баён намоянд. Аксарияти донорҳои хориҷӣ бо вазорати кишоварзӣ ҳамкории зич дошта, дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми калон доранд. Аз ҷумла, Бонки умумиҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Ҷопон, Барномаи рушди байналмиллалии Амрико, Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид, Фонди рушди кишоварзӣ, Барномаи дастгирии рушди соҳаи тухмипарварӣ, Хадамоти ҳамкориҳо оид ба рушди Шветсария ва ғайраҳо дар амалӣ гардидани сиёсати аграрии мамлакат ва барномаҳои соҳавии кишоварзӣ кӯмаки амалӣ мерасонанд.    

Июнь 16, 2010 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад