СУРАТҲИСОБИ ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР КУШОДА ШУД

Июнь 29, 2010 13:24

Душанбе, 29 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев суратҳисоби хосаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 202049728220101100015, PMA 020007879, ҳисоби корреспондентӣ 22402972000002, БИК 350101101, код 0190100 дар назди Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе кушода шуд. Суратҳисоби мазкур барои дастгирии молиявии омодагии шаҳри Душанбе баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни  20 –умин солгарди  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати воридоти маблағҳои ройгонии мақомоти  давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шаҳрвандон ва маблағҳои аз ҳашарҳои  умумишаҳрӣ ба даст омада, кушода шудааст. Дар робита аз роҳбарони субъектҳои дар боло зикршуда, хоҳиш карда шудааст, ки бо назардошти имкониятҳои молиявӣ тибқи қонунгузории муқарраргардида ҳар моҳ ба андозаи то 2 % -и маблағҳои  фоидаи андозбандишаванда  ва субъектҳои соҳибкории хурд, ки бо тарзи соддакардашуда андоз месупоранд ба андозаи то 1 % аз даромади андозбандишаванда,  ба суратҳисоби мазкур маблағ гузаронанд.          

Июнь 29, 2010 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад