ТӮҲФАИ ЛАТОФАТ КЕНҶАЕВА
Роғун, 3 июн. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Китоб манбаи дониш буда,тайи солҳои охир Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ такя ба шоирону нависандагон намуда,теъдоди китобҳои бачагона ва калонсолонро ҷиҳати нашр хуб ба роҳ мондааст. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун,Маҳмадназари Аминиён иттилоъ дод,ки дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлол-и ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаи «Истиқлол» бо роҳбарии шоираи ширинкаломи шинохта Латофат Кенҷаева зиёда аз 13 ҳазор адад китоб ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба тариқи ройгон тӯҳфа намуд.Китобҳои бадеии бачагона ба китобхонаҳои тобеияти қасри фарҳанг ва мактабҳои шаҳр тақдим карда шуд,то ин ки аз ин махзани дониш мактаббачагон ва калонсолон бархӯрдор гарданд. Маҳмадназари Аминиён афзуд,ки теъдоди китобҳоро адибаи хушсалиқа,муниси кӯдакон Латофат Кенҷаева дар маросими тантанавӣ ба хонандагон ва сокинони касбу кори гуногун ба масъулини қасри фарҳанг супорида,дар назди ҳозирин аз ашъори хеш ба ҳозирин шеърҳо қироат намуд








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






