ТӮҲФАИ ЛАТОФАТ КЕНҶАЕВА

Июнь 3, 2010 10:38

Роғун, 3 июн. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Китоб манбаи дониш буда,тайи солҳои охир Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ такя ба шоирону нависандагон намуда,теъдоди китобҳои бачагона ва калонсолонро ҷиҳати нашр хуб ба роҳ мондааст. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун,Маҳмадназари Аминиён иттилоъ дод,ки дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлол-и ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаи «Истиқлол» бо роҳбарии шоираи ширинкаломи шинохта Латофат Кенҷаева зиёда аз 13 ҳазор адад китоб ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба тариқи ройгон тӯҳфа намуд.Китобҳои бадеии бачагона ба китобхонаҳои тобеияти қасри фарҳанг ва мактабҳои шаҳр тақдим карда шуд,то ин ки аз ин махзани дониш мактаббачагон ва калонсолон бархӯрдор гарданд. Маҳмадназари Аминиён афзуд,ки теъдоди китобҳоро адибаи хушсалиқа,муниси кӯдакон Латофат Кенҷаева дар маросими тантанавӣ ба хонандагон ва сокинони касбу кори гуногун ба масъулини қасри фарҳанг супорида,дар назди ҳозирин аз ашъори хеш  ба ҳозирин шеърҳо қироат намуд

Июнь 3, 2010 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад