ТӮИ СУННАТИИ ФАРЗАНДОНИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ
Хоруғ, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои расонидани кӯмак ба оилаҳои кмбизоат аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. 1 июн дар маркази ноҳияи Ишкошим ба шарафи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тӯйи суннатии 36 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат ва бесаробон ташкил карда шуд. Маблағи хароҷоти маърака бештар аз 7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ ва вилоятӣ пардохта шуд. Тӯи суннатии фарзандони хонаводаҳои камбизоат бошукӯҳ ва хотирмон гузашт. Дастаҳои ҳунарии маҳаллӣ хотири ҷамъомадагон ва иштирокчиёни тӯйро шод гардонданд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ба бачагон тӯҳфаҳои қиматбаҳо тақдим намуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






