ТАҚВИЯТИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Июнь 23, 2010 10:24

Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар»). — Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2010  «Дар бораи тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа» баҳри иҷроиши нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 қабул гардида, аз он гувоҳи медиҳад, ки дар доираи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ва зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва ҳадди ақали онҳо таваҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад.   Мувофиқи банди 1 Фармони мазкур аз якуми июли соли 2010 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳадди ақали нафақа 80 сомонӣ муайян гардидааст, ки ин нисбат ба ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақаи амалкунанда 33,3 фоиз зиёд аст. Аз якуми июли соли 2010 музди меҳнат ва нафақаи шахсоне, ки то имрӯз аз 80 сомонӣ кам буд, ба 80 сомонӣ расонида мешавад. Зикр намудан ба маврид аст, ки зиёдшавии андозаи ҳади ақали нафақа, хамчунин бо афзудани иловапулиҳои нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоие, ки аз рӯи ҳадди ақали нафақа ҳисоб мешаванд, аз ҷумла, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, маъюбон аз овони кӯдакӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузарги Ватанӣ ва Чернобил боис мегардад. Бояд кайд кард, ки барои амалӣ намудани фармони мазкур аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ дар соли 2010 зиёда аз 10,0 миллион сомонӣ барои пардохти фарқияти андозаи ҳадди ақали музди меҳнат равона карда мешавад.   Барои пардохти ҳамаи намуди нафақаҳо 51 миллион сомонӣ равона мегардад . Ин маблағ дарБбуҷети давлатии соли 2010, аз ҷумла, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа прешбинӣ шудааст ва татбиқи он саривақт амалӣ карда мешавад. 

Июнь 23, 2010 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст