ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОНОРҲО ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Баъди чошти 14 июн дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Ташкилкунандагони он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Маркази вилоятии ҷамъоварии хун ва раёсати тандурустии вилоят мебошанд. Дар ҷамъомад кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони муассисаҳои тиббӣ, донишҷӯён ва одамони касбу кори гуногун ширкат варзиданд. Сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҷалил Тошматов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз 5 ҳазор донори хун ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар давоми моҳҳои гузаштаи соли 2010 – ум 1365 нафар дар Маркази ҷамъоварии хун барои наҷоти ҳаёти беморон хун дод. Аз буҷети вилоят барои харидани хун 108 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ҷамъомад ба донорҳои фаъол ва беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравӣ пешкаш карда шуд. Дар фарҷоми он консерти калон барпо гардид.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






