ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОНОРҲО ДАР ХУҶАНД

Июнь 15, 2010 10:06

Хуҷанд,  15 июн. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —  Баъди  чошти  14  июн  дар  маркази  вилояти Суғд —  шаҳри  Хуҷанд ба  муносибати  Рӯзи  ҷаҳонии  донорҳои  хун   ҷамъомади  ботантана  баргузор  гардид. Ташкилкунандагони он  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ,  Маркази  вилоятии  ҷамъоварии  хун  ва  раёсати тандурустии  вилоят  мебошанд. Дар  ҷамъомад  кормандони  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ,   кормандони   муассисаҳои тиббӣ,  донишҷӯён  ва  одамони  касбу  кори гуногун  ширкат  варзиданд. Сардори Раёсати тандурустии  вилоят  Ҷалил  Тошматов  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  имрӯз  дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  бештар  аз  5  ҳазор  донори  хун ба  қайд  гирифта  шудааст. Танҳо  дар  давоми  моҳҳои  гузаштаи  соли  2010 – ум  1365 нафар  дар  Маркази  ҷамъоварии  хун  барои наҷоти  ҳаёти  беморон  хун  дод. Аз  буҷети  вилоят  барои   харидани   хун 108  ҳазор  сомонӣ  ҷудо  карда шудааст. Дар  ҷамъомад ба  донорҳои  фаъол  ва  беҳтарин тӯҳфаҳои  хотиравӣ  пешкаш  карда  шуд. Дар  фарҷоми он  консерти  калон  барпо  гардид.

Июнь 15, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид