ТАРҒИБИ ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ВАҲДАТ СУСТ АСТ

Июнь 4, 2010 15:48

Бадахшон, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- 2 июн раиси ВМКБ Қодири Қосим бо хабарнигорони васоити ахбори ҷумҳурӣ  машварат орост. Раиси вилоят  Қодири Қосим диққати хабарнигоронро ба инъикоси васеи созандагию ободониҳое, ки имрӯз дар Бадахшон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдат рӯи кор омадааст,ҷалб намуд. Қодир  Қосим иттилоъ дод, ки имрӯз  дар саросари вилоят бунёди 81 иншооти ҷашнӣ идома дорад. Соли 2009 дар  вилоят 89 адад иншооти  ҷашнӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуданд, ки як қисмати онҳо истеҳсолӣ буданд. Раиси вилоят онро таъкид намуданд, ки аз 170 иншооти ҷашние, ки бунёди онҳо дар 2-соли охир идома дорад, 56 ададашро Ҳукумати Ҷумҳурӣ маблағгузорӣ намудааст, боқимонда аз ҳисоби бӯҷаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят сохта шуданд, ё то рӯзи ҷашн мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Қодири Қосим аз он нигаронӣ кард, ки  ба ифтихори Иди Ваҳдат бунёдкорию  ободонии бемислу монанд ҷараён дорад, аммо инъкоси он тариқи рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, шабакаҳои радиову телевизион комил нест. Рӯзноманигорон асосан гирди иншооти азим чарх мезананду онҳоро гаштаю баргашта тарғиб мекунанд ва бунёди ин иншоотҳо асосан дар шаҳри Хоруғ идома дорад, аммо ба он иншооте, ки дар навоҳӣ мустақаранд эътибор намедиҳанд. Чунончӣ танҳо дар ноҳияи Роштқалъа даҳҳо биноҳои зебои барҳаво бунёд ёфтанд. Дар қарияи Зимудҷи ноҳияи Ишкошим зеботарин бинои мактаб сохта  шудааст. Чунин иншоотҳо дар навоҳии Дарвоз, Шуғнон, Рӯшон даҳҳо ададанд. Раиси вилоят таваҷҷӯҳи хабарнигоронро ба он ҷалб намуд, ки ба тарғиби маънавиёт эътибори ҷиддӣ диҳанд..  

Июнь 4, 2010 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!