ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 8 июн дар Кохи Борбад Конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба таҳлили ҳамаҷонибаи миёнамӯҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои зиндагӣ» кушода мешавад. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки конфронс таҳти раёсати сарвазири мамлакат Оқил Оқилов гузаронида мешавад. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Сипас маҷлисҳои конфронс дар меҳмонхонаи ҳукуматии «Кохи Сомон» давом дода мешаванд. Дар ҷараёни конфронс ташкили машваратҳои умумӣ ва шаш маҳфили алоҳида, машварату мулоқотҳои мавзӯӣ ва тадбирҳои дигар пешбинӣ карда мешаванд. 9 июн дар толори «Кохи Сомон» бо иштироки Оқил Оқилов ва муовини Муншии умумии СММ Шо Сзукан барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад. То имрӯз намояндагони 70 мамлакат ва 65 созмони байналхалқӣ дар бораи иштирокашон дар конфронс хабар доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони 191 роҳбари ҳукуматҳои аъзои СММ, роҳбарони 20 муассисаи СММ, зиёда аз 80 созмони байналхалқию минтақавӣ ва молиявӣ, инчунин 120 муассисаи илмӣ ва таълимӣ барои иштирок дар конфронс даъватнома фиристода буд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






