ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод имрӯз барои боздиди корӣ ба Душанбе ташриф меорад. 9 июн мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон баргузор хоҳад гашт. Президенти Эрон инчунин дар яке аз маҷлисҳои Конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба ҷамъбасти даври аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои зиндагӣ» иштирок хоҳад кард. Бояд гуфт, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон сол то сол ривоҷ меёбад. Хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар тӯли солҳои охир 2,5 баробар афзуд. Ширкатҳои хусусии Эрон дар соктмони биноҳои истиқоматӣ, марказҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ғайра дар Тоҷикистон фаъолона саҳм мегузоранд. Аз рӯи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар соҳаи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Эрон нахи пахта, алюминии хом ва мева мақоми асосӣ доранд. Тоҷикистон ба Эрон асосан ашёи хом мефурӯшад. Бинобар ин айни ҳол масъалаи бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулот дар худи мамлакат баррасӣ карда мешавад. Соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои коркарди алюминий, пашму пӯст, парвариши моҳӣ, мурғпарварӣ, истеҳсоли гӯшти мурғ ва маҳсулоти қаннодӣ самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон 150 ширкати эронӣ фаъолият дорад. Тоҷикистону Эрон барномаҳои муштаракро дар соҳаҳои энергетика, истеҳсоли таҷҳизоти энергетикӣ, алюминий, кишоварзӣ, туризм, дорусозӣ ва ғайра амалӣ месозанд. Бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои калони барқӣ сохта мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод аввали моҳи январи соли равон барои боздиди расмӣ ба Душанбе омада буд. Зимни мулоқоти ӯ бо сардори давлати Тоҷикистон масъалаҳои вазъи имрӯзаи муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон муҳокима шуданд. Дар фарҷоми сафари Президенти Эрон эъломияи муштараки сарони ҳар ду давлат ва созишномаю қарордодҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Ҷониби Эрон барои анҷом додани сохтмони туннели «Истиқлол» ба таври илова 6 миллион доллари ИМА ҷудо хоҳад кард. Мутахассисони эронӣ ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии сохтмони НБО «Айнӣ» — ро дар дарёи Зарафшон меомӯзанд. НБО «Сангтӯда – 2», ки онро мутахассисони эронӣ сохта истодаанд, бояд охири соли 2010 ба истифода дода шавад. Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27 марти соли равон барои иштирок дар таҷлили Иди Наврӯз барои боздиди корӣ ба Эрон рафта буд. Дар ин сафар зимни мулоқоти ӯ бо Маҳмуд Аҳмадинажод вазъи имрӯза ва нақшаҳои дурнамои муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду мамлакат муҳокима шуданд. Э.Раҳмон ба М.Аҳмадинажод барои дастгирии пешниҳоди гузаронидани маҷлиси нахустини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси Исломӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд. Зимни мулоқоти сарони ҳар ду давлат масъалаҳои марбут ба сохтмони роҳи мошингарди «Панҷи Поён – Кундуз – Пули Хумрӣ — Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – Ҳирот — Машҳад», сохтмони роҳи оҳани «Румӣ — Панҷи Поён – Кундуз — Мазори Шариф – Ҳирот — Машҳад» ва хати интиқоли қувваи барқи «Роғун — Сангтӯда — Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад» муҳокима карда шуданд. Мусоҳибон ба ҳамкории ҳарбӣ ва низомию техникии мамлакатҳояшон баҳои баланд доданд. Қайд карда шуд, ки ин яке аз самтҳои муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Эрон мебошад.