ТАЪСИСИ 9 ГУРӮҲИ КОРӢ ВА ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ

Июнь 23, 2010 09:32

Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар назди Вазорати кишоварзӣ бо мақсади таҳияи Барномаи ислоҳоти аграрӣ 9 гурӯҳи корӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст. Ба ин гурӯҳи корӣ  мутахассисои Вазорати кишоварзӣ, олимони Академияи кишоварзӣ ва  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шомил карда шудаанд. Айни замон тибқи нақша – чорабиниҳо, гурӯҳҳои корӣ дар аммалӣ гардидани  ислоҳоти соҳаи аграрӣ фаъолият намуда, ҳар моҳ як маротиба аз натиҷаи корҳои амалигардида ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд. Боиси тазаккур аст, ки дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва амалӣ гардидани Барномаи ислоҳоти аграрӣ саҳми Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Оҷонсии ҳамкориҳои байналмиллалии давлати Ҷопон, Барномаи рушди байналмиллалии Амрико (ЮСАИД), Созмони озуқа ва кишоварзии СММ ва боз даҳҳо созмонҳои дигар   калон аст,- иброз дошт вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Июнь 23, 2010 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд