ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ КИШОВАРЗӢ — АСОСИ РУШДИ СОҲА
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 24 июни соли равон бо ташаббуси Маркази хусусигардонии хоҷагиҳо ба муносибати ҷоизасупорӣ ба Лоиҳаи «Инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо», ки дар сабқати Лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ яке аз чойҳои намоёнро ишғол намудааст, конфронси матбуотӣ баргузор гардид. Дар конфронси матбуотӣ Роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Киара Бронкӣ, директори Лоиҳа Тоҳир Остонаев, намояндагони ташкилотҳои фасилитаторӣ БТСММ, Агроаксияи Олмон, фонди Оғохон, ФАО ва дигар намояндагони ташкилоту вазоратҳои дахлдор иштирок доштанд. Мақсади асосии Лоиҳа мусоидат ва баланд бардоштани истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот, рушди инфраструктураи маҳаллӣ, беҳдошти ҳолати заминистифодабарӣ дар минтақаҳои татбиқи лоиҳа мебошад. Роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Киара Бронкӣ иброз дошт, ки Лоиҳаи инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо ба самти беҳдошти вазъи хоҷагиҳо ва заминистифодабарии устувор мусоидат менамояд. Дар доираи татбиқи лоиҳа то имрӯз 156 зерлоиҳаҳои парвариши занбӯри асал, 600 зерлоиҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, 1462 зерлоиҳаҳои бунёди боғу токзор, 163 зерлоиҳаҳо дар самти идоракунии чарогоҳ, 70 зерлоиҳаҳо вобаста ба барқарорсозии ҷангалзорҳо бо мувафақият татбиқ карда шуданд. Дигар самти маблағгузорӣ ба самти ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст, ки истифодаи захираҳои заминро таҳким мебахшад. Инчунин, таъкид гардид, ки наздики 40000 хоҷагии кишоварзӣ (31% зиёд аз нақшаи лоиҳавӣ) ва 402 деҳа истеҳсоли маҳсулотро баланд бардоштанд. Дар заминаи татбиқи лоиҳа ба 39 кумитаҳои рушди ҷамоатҳо, зиёда аз 3300 гуруҳҳои ҳавасмандии деҳот 5 миллион доллари ИМА кӯмак расонида шуд ва онҳо потенсиали мавҷудаи худро баланд бардоштанд. Натиҷаҳои бадастомада бошад, барои истифода бурдани 50 ҳазор гектар замин мусоидат карда метавонад. Таҷрибаҳои ба даст омада нишон медиҳад, ки маблағгузориҳои грантии хурд ба соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам оварданд, ки аҳолӣ пеш аз ҳама сарҷамъ гардида, муносибатҳои истеҳсолӣ ва молиявии худро бо бонкҳо тақвият бахшанд, ки ин барои беҳдошти вазъи зиндагии аҳолии кӯҳистон мусоидат менамояд ва аз ҷониби дигар барои ҳифзи муҳити зист, ки яке аз самтҳои афзалиятноки лоиҳа ба ҳисоб меравад, чораҳои зарурии судманд мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифтанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






