ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ ТУХМРО 2 МАРОТИБА ЗИЁД МЕНАМОЯД

Июнь 3, 2010 11:17

Душанбе, 3 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То соли 2015 истеҳсоли тухми мурғ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ба 600 миллион дона расонида шуда, ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 65 дона тухм рост меояд. Зикр шуд зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паррандапарварӣ», ки он аз ҷониби палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул гардид. Вазири кишоварзии  ҷумҳурӣ Қосим Қосимов гуфт, ки Қонуни мазкур бо мақсади татбиқи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 таҳия шудааст. Дар асоси қонуни мазкур корхона ва фабрикаҳои паррандапарварӣ барқарор гардида, саршумор ва маҳсулоти парранда дар кишвар зиёд гардонида мешавад. Қосим Қосимов афзуд, ки қонун сиёсати ягонаи давлатро дар бахши паррандапарварӣ, хусусан тайёр намудани мутахассисони бахши паррандапарварӣ, ворид сохтани технологияи ин соҳаро ба кишвар татбиқ менамояд. Аз соли 2007 дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон шӯъбаи паррандапарварӣ фаъолият менамояд, ки дар он 50 донишҷӯ таҳсил менамояд. Ҳамзамон зикр шуд, ки барои рушди соҳаи  паррандапарварӣ дар кишвар беш аз 5 ҳазор гектар барои тайёр кардани хӯрокаи парранда замин ҷудо шудааст. Зеро 45%  дон барои парранда за хориҷи кишвар оварда мешавад. Аз ин рӯ, масъалаи дар оянда аз  андоз озод сохтани воридкунандагони ғизо барои парранда ва технологияи муосири ин соҳа матраҳ шуд. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии  ин масъала ба Вазири кишоварзии мамлакта барои рушди соҳаи паррандапарварӣ дастур дода,  афзуд, ки қабули ин қонун ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти парранда нақши муаcсир мегузорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паррандапарварӣ» дар ҳоле аз ҷониби парлумони Тоҷикистон қабул гардид,  ки ба кишварамон  тухм ва гӯшти парранда асосан аз хориҷи кишвар, аз давлатҳои Эрону Ҳиндустон, Бразилия ва Канада ворид карда мешавад. Ин қонун ба афзоиши саршумор ва маҳсулнокии парранда дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Тибқи нишондодҳои оморӣ ҳанӯз дар соли 1990 дар Тоҷикистон 530 миллион дона тухм истеҳсол гардида буд. Тухм маҳсулоти ғизонок буда, меъёри истеъмолии  ҳар як одам дар як сол  219 дона аст.

Июнь 3, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад