ТОБИСТОН -АЙЁМИ ФАРОҒАТ
Турсунзода, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Осоишгоҳи «Ширкент»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» ҳамасола зиёда аз ҳазор нафар фарзандони коргарони ин корхонаи азимро қабул ва айёми таътили онҳоро басо хубу гуворо таъмин менамояд. Осоишгоҳи мазкур, ки дорои панҷ бинои замонавӣ буда, дар он тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё аст, имсол дар басти аввал зиёда аз 170 нафар наврасони хатлониро, ки бинобар офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ин ҷо омада буданд,бо оғӯши боз қабул кард. Наврасон дар ин ҷо бо хӯроки гарм, киною консерт, китобхонаву бозиҳои варзишӣ таъмин буданд ва мураббиҳои варзида ба онҳо сарварӣ менамуданд








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






