УСУЛИ НАВИ НИГОҲ ДОШТАНИ ГАРМӢ
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Созмони экологии «Замини хурд» пешниҳод мекунад, ки барои муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани гармӣ дар дохили биноҳо шишаи махсуси нигаҳдорандаи гармӣ истифода бурда шавад. Мудири иҷроияи созмон Темур Идрисов зикр кард, ки дар Тоҷикистон ва хусусан пойтахти он – шаҳри Душанбе ба мавриди истифода қарор додани роҳу воситаҳои нигоҳ доштани гармӣ умуман таваҷҷӯҳ зоҳир карда намешавад. Аз ин рӯ дар пойтахти мамлакат масрафи гармӣ дар як метри мураббаъ нисбат ба мамлакатҳои Аврупо 5 маротиба бештар гармӣ сарф карда мешавад. Т.Идрисов зикр намуд, ки қисми зиёди гармии дохили ҳуҷраҳо маҳз ба воситаи тиреза хориҷ мегардад. Бинобар ин зимни сохтмони биноҳо ба сифат ва хусусияти тиреза диққати махсус додан лозим аст. Вақтҳои охир мардум бештар — тирезаҳои пластикиро истифода мебаранд. Ҳол он ки тирезаҳои пластикӣ низ воситаи нигаҳдорандаи гармӣ нестанд. Темур Идрисов изҳор намуд, ки ин масъаларо бо роҳи истифодаи шишаҳои махсуси сарфакунандаи гармӣ ва нигаҳдорандаи он ҳал кардан мумкин аст. Яъне зимни сохтани тирезаи биноҳо шишаҳоеро истифода бурдан лозим аст, ки ба онҳо маҳлули махсуси дорои электронҳои озоди фулузоти ранга пошида шудаанд. Чунин шишаҳо дар фасли зимистон гармиро дар дохили ҳуҷра муддати тӯлонӣ нигоҳ медоранд. Дар фасли гармо бошад, шишаҳои мазкур мавҷи гармии беруниро инъикос намуда, дохили ҳуҷраро салқин мегардонанд. Чунин шишаҳо солҳои охир дар баъзе мамлакатҳои Ғарб истифода бурда мешаванд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






