ВАКИЛОНИ ШАҲРӢ МАСЪУЛИЯТШИНОС ВА ФАЪОЛ МЕГАРДАНД

Июнь 23, 2010 11:05

Душанбе, 23 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар сурати бидуни сабабҳои узрнок  ба таври пайваста дар се иҷлосияи шаҳрӣ  ширкат наварзидани вакил масъалаи ваколати ӯ дар сатҳи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, қатъ карда хоҳад шуд. Ин матлабро Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  22 июн зимни баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум зикр кард. Тадбири мазкур бо мақсади баланд бардоштани масъулияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳалли масъалаҳои гуногуни  марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва  иҷтимоию фарҳангии пойтахт андешида шуда, вакилони шаҳриро водор месозад, ки дар ҳалли проблемаҳои гуногуни ҳаёти пойтахт, хусусан баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва соири масъалаҳои марбут ба пешрафти соҳаҳои  мухталифи шаҳр масъулиятшиносу фаъол бошанд. Зеро онҳо ҳамчун намояндаи мардуми пойтахт ваколати бештари дифоъ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ҷомеаи пойтахтро доранд. Бояд зикр кард, ки дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 70 вакил 63 вакил иштирок дошт. 70 % вакилони Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанберо вакилони тозаинтихоб ва 30 %-ро вакилони собиқ ташкил медиҳанд.

Июнь 23, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд