ВАРЗОБ ЧУН МИНТАҚАИ ТУРИСТӢ ЗЕРИ СУОЛ МЕМОНАД
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳирси ба даст овардани пулу мол ба он оварда расонидаст, ки ҳазорон хоҳишмандони сайру сайёҳии дараи хушманзари Варзоб таи ду- се соли охир наметавонанд дар ҷойи дилхоҳашон дам гиранд ва истироҳат намоянд. Ин мавзеъ ба минтакаи фалокатбори экологӣ табдил ёфтааст,- мегӯяд нозири экологии ин минтақа Хурсандқул Боймуродов. Дар тамоми хати ҳаракати ашхоси ба истироҳат ниёзманд деворбандии истироҳатгоҳҳои корхонаҳои ҳуқуқиву инфиродӣ имкон намедиҳанд, ки кас ба соҳили дарёчаи Варзоб наздик гардида, соате зери сояи дарахту буттаҳои он дам гирад. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Варзоб минтақаи истироҳатӣ эълон гардидааст, пас саволи матраҳ он аст, ки кӣ ҳуқуқи фурӯхтану ҷудо кардани ҳар ваҷаб замини онро барои истифодаи шахсӣ дорад, то дигаронро аз истироҳати ин мавзеъ маҳрум созад. Сайёҳ, ки бояд озод бошаду озодона аз ин дараи зебоманзар истифода кунад, бо сабаби шахсӣ шудани ҳар ваҷаб замини он дигар ҳавои сайри ин диёрро дар дил намепарварад. Уқубат он чӣ ки имрӯз ин ҷо «бунёд» мегардад на ба рушди туризм, балки ба қатъ шудани он оварда мерасонад ва Варзоб чун минтақаи туризм ва сайёҳӣ дар мусаввараҳо боқӣ мемонад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






